САҲНАИ ГАРДОН

Маҷмӯаи мақола ва очеркҳо “САҲНАИ ГАРДОН

Намунаи маҳсули фаъолияти эҷодии наздик ба биступанҷсолаи нигорандагӣ дар чанд риштаи мухталифи адабиёт – тарғибу ташвиқ, тақризу таҳлил, мусоҳибаву мақолот дар мавзўҳои доғи мухталифи рӯз навишташударо фароҳам овардааст, ки ҳама ба фаъолияту рӯзгори талху ширини мо марбутанд. Ба ҳамин истинод намуда Баҳром Фирӯз дар ин китоб шеъру ҳикоёту достонҳоро канор гузошта назари худро ба паҳлӯҳои гуногуни рӯзгору зиндагӣ, фарҳангу адабиёт, омузишу тарбия, рафтору кирдор, иқтисоду иҷтимо ифода карда диққатро ба зисту маишати мардум равон мекунад, то ҷамъият дар дарки маънои зиндагӣ ва маишати инсонӣ чашмро бинотару ақлро гиротар кунад.

“Кадоме аз фозилоне давр гуфта аст, ки инсон табиатан ба зеру нерумандии ҷисмонӣ ҷаҳд менамояд. Аммо ҳеҷ кас накӯкориро машқ намекунад. Ба фикрам, фарзанди инсонро накӯкорӣ бояд омӯхт. Ман дар ҳар як китоби деҳқонии худ ба дилҳо тухми накӯкорӣ мепошам”, – навиштааст муаллиф дар ин китоб. 

Китоби мазкур соли 1993 дар нашриёти "Адиб" ба табъ расидааст. Иборат аз 350 саҳифа.

 

Download

Downloaded 142 times