Ҳикояи Баҳром Фирӯз «То соли дигар» дар қироати муаллиф, Душанбе, соли 1988

ТО СОЛИ ДИГАР

 Имсол гузарад, соли дигар боз ояд,

 То соли дигар умри ҷавон мегузарад.

Аз осори лафзии мардуми тоҷик.

    Деҳа монанди қалъаҳои қадимӣ ба рӯи тали начандон баланде воқеъ афтода буд. Сокинони он кайҳо ба саҳрои Мирзочӯл кӯчида рафта, дар он тарафҳо замин кушода, хонаву боғу роғ карда, муқимӣ гаштаанд. Деҳаи пешин, ки асрҳою аср пурвалвала буд, имрӯз қариб холиву бекас аст... Ку, акнун онҳое, ки барои як лахт замин ѐ навбати об якдигарро бо каланд зада, дар сари марза кушта буданд, боре сар аз хок мебардоштанду медиданд, ки оқибати корҳо чи ранг аст!.. Сукунати деҳаи холиро ҳоло фақат шав-шуви оби рӯд, нағмаҳои мурғони хушхони ҳаргиз рам нахӯрда халалдор мекунанду бас. Соҳилҳои рӯдро буттаҳои худрӯи беду сафедор, олучаю дӯлона, зарбеду настаран ва алафҳои гуногун ба тарзи касногузар тавора гирифта, гӯѐ асрори ин обаки пурмағалро аз назарҳо пинҳон карданӣ буданд. Ба монанди садҳо рӯду рӯдхонаҳои дигари диѐри куҳистон ин обаки оқибат дар нимароҳ гумгашта ҳам, номи худро надошт – онро бо номи деҳа “Сойи Сардор” унвон карда буданд. Рӯи пули бе ягон мех, аз болору ходаҳо бунѐд ѐфта аз камии раҳгузар кайҳо алаф рӯидаст. Аз он ки роҳи аробагард ба ин ҷо омада дакка задаст ва пулро ба ҳавсалаи тамом, хеле бадошт сохтаанд, пай бурдан мушкил набуд, ки ин роҳ ҳамагӣ ҳафт-ҳашт сол муқаддам гузаргоҳи серравуое будааст... Садои ба ҳам бархӯрдани сатилҳо, чунон ки дар ин ҳолат мегӯянд, маро як қад паронд. Агар дар ягон гӯшаи холиву бекаси дунѐ бошед, шунидани ҳамин садои муқарра- www.firuz.tj 138 рии рӯзгори одамӣ низ шуморо бениҳоят хушнуд месохтаст. Аз боло духтари қадрасе дар даст ду сатил ба сӯи чашмаи шаршарадори канори рӯд мефуромад. Аз дилам гузашт: “Дар ҳавлие чӯпоне зиндагӣ мекунад!” Боз аз худ пурсидам: “Аз мардумони мо бошад ѐ аз дигар деҳу ноҳия?..” Духтар ба ҷониби мошини кӯҳнаи ман, ки дар сабзамайдони соҳили рӯд буд, хира назар афканду ба ҷониби худам, ки рӯи сабзаву себаргаҳо ғелида будам, назари эътиборашро дареғ дошт магар, нимнигоҳе накарду ба сатилҳояш об гирифт ва ба қафо баргашт. – Ҳой, духтари хуб, як нафас биистед, – ман аз ҷо бархоста, ба сӯи вай қадам ниҳодам. – Гоҷигӣ накарда, рост ба раҳатон гузашта рафтан гиред! – Духтар ин бор ҳам ба сӯи ман назар нокарда, зери лаб ғурунгос зад. Ғолибан вай маро аз қабили баъзе раҳгузарони беҳаѐ ва шилқин пиндошт, ки ин вақти сол дар ин мавзеъ бисѐр пеш меоянд. Агар як лаҳзаи дигар беҷуръатӣ намоям, нопадид рафтани ӯро донистам ва дар шитоб сӯяш давидаму сари роҳашро гирифтам. – Шумо чӣ хел одамед?.. Истед, як даҳан гап пурсам! – гуфтам маломатомез, балки озурдахотир аз рафтори ӯ. Аммо ба чашмони шӯху гирои духтар чашмам афтоду ғайриихтиѐр табассум намудам. Росташро гӯям агар ба чашми вай нигарад, ҳар кас ҳам таноби даҳонашро саришта кардан наметавонад. – Виҷ-виҷ накарда, ба роҳатон равед... Гапатонро рафта аз очаатон пурсед! – Духтар, агарчи қадамашро суст карда буд, табассуми бемаънии маро диду абрӯвони ситезакораш чин гирифт. Аз шеваи гуфтораш донистам, ки бегона нест, аз ҳамин деҳа, ману вай ҳамдиѐрем, балки хешу табор бароем, ки медонад... – Ҳой, фарзанди одамизод!.. Як даҳон гап пурсам... Бањром Фирўз 139 Охир, ман бегона не... Аслан, аз ҳамин ҷойҳо, фарзанди ҳамин кӯҳпоя... Балки хешу ақрабо будагистем... Ин суханон ба духтар таъсир кард: сатилашро аз даст намонад ҳам, лабханде заду айѐрона чашмонашро кашида ба рӯи ман нигарист, сипас аз роҳаш бозистоду нигарони пурсиши ман гашт. Чашмони сиѐҳу шӯхаш, абрувони борику сӯзнокаш, рӯи монанди себи навпухта сафеду сурхаш он қадар латофат ва назокате доштанд, ки бо тундхӯиаш ҳеҷ мувофиқат намекарданд. – Ман... ҳамту... ба сайру тамошо омадам... Ватани бобоѐнро бинам гуфтам... Бачагиам дар ҳамин ҷойҳо гузашту... акнун, баъди ақлашро шинохтан одам дигар хел менигарад... Ба гумонам, дар деҳа ҳеҷ кас набошад... шумоҳо будаед... Маро намешиносед? Ман ҳафт-ҳашт сол аст, ки дар шаҳр дарс мехонам... – Э-э, шумо писари тағои Комил не? – духтар ба қиѐс маро шинохту дар назар аз дуруштии бемавридаш хиҷил гаштагӣ барин намуд. – Ман нашиносам... Ношинос бесипос мегӯянд. – Вай сатилҳояшро ба замин ниҳод. – Шумо духтари кӣ? Ман падаратонро мешинохтагистам... Ману вай дақиқае чанд дар гуфтугӯ будем. Аз хавфи он ки мабодо духтар аз шавқмандиам ба шахси ӯ рамида зуд гурезад, се-чор қадам дуртар истода, зоҳиран бепарво гуфтугӯ доштам. Баъд, вақте ки рафтанӣ шуд, ба нею нестонаш эътино накарда, сатилҳои пуробро аз дастонаш гирифтаму то ба сари баландӣ бурдам. – Гуноҳи мо – мардон аст, ки ранҷи занону духтарони деҳаро ҳанӯз ҳам кам накардаем, аз ин сад сол муқаддам ба чи сон бошад, ба ҳамон минвол мондааст, – гуфтам ҳангоми худо ҳофизӣ. Духтар аз замин нигоҳашро набардошта, хиҷолаткашон гуфт: – Дар куҷо хоб мекунед? Дар ин гирду гӯша www.firuz.tj 140 дигар одам нест... – Ман барои истироҳат омадам... чодир дорам... Лӯлиҳо барин як бор дар чодир зиндагӣ кунам... – Ҳар кас ояд, ба ҳавлии тағои Низом мефурояд... Шумо ҳам бед, – гуфт вай ба тамкин чашм аз замин набардошта. – Меравам. – Гуфтам ва нигоҳи ӯро гирифтан мехостам, вале вай чашмашро аз чашми ман мегурезонд. Хоҳу нохоҳ, вақти рафтан лабонаш ба табассуми ширине моил гаштанду дандонҳои садафинаш мисли ламъаи барқе як нафас дурахшиданд. Вай бирафт. Ман аз тал поѐн шудаму дар сабзамайдон чодирамро устувор кардам, дегу табақ ва кӯрпаю болиштамро ба тартиб, ҷо ба ҷо ниҳодам. Дастам ба кор банд, вале хаѐлан бо ин духтар гуфтугузор доштам. “Ғалатӣ, – мегуфтам ба дил, ҳамин қадар духтарони шаҳру деҳот маро ин қадар мафтун накарда, чунон ки ин духтар... Шавҳараш бошад?.. Агар издивоҷ накарда бошад, ба ҳар навъе дилашро меѐбам... Ана, ин аст духтаре, ки дар орзуяш будаму дар хобу дар бедорӣ меҷустам...” Ҳамон шаб то дами саҳар хобам набурд. Ба нияти беҳтар сохтани сиҳатии лангонам омадаму кай гумон доштам, ки дар ин кӯҳистон ба маризии дигар – дарди ишқ гирифтор мешавам!.. Ман одати дили худро нағз медонам, аз рӯи ҳавою ҳавас ба духтарон майл надорад... Рӯзи дигар зиѐда тоқат карда натавонистаму ба ҳавлии ҳамдеҳагон рафтам. Низом-бобо ном пирмарди ғайратманду даҳансахт бо ҳамсару ва писару духтару арӯсаш дар ин ҷо истиқомат доштааст. Онҳо моли як молхонаи калони колхозро саришта мекардаанд. Духтаре, ки маро хобпар карда буд, дар ҳавлии онҳо зиндагӣ мекардаст. Дегу табақаш ҷудо набошад ҳам, хонааш дар як канори ҳавлӣ, аз онҳо ҷудо буд. Дар кори молхона ва рӯз- Бањром Фирўз 141 ғор баробари онҳо ҷунбуҷӯл карда, дар соатҳои бекориаш омада бо занҳо наменишастаасту ба хонааш даромада китоб мехондаст. Ҳамсари бобои Низом – Ҳикоят-хола дар ҳузури ман ӯро маломатгӯӣ мекард: – Ҳай-вой-е-е, ин духтар аз китоб сар намебардорад!.. Ман мегум, ин қадар дилакота обу адо карда, бибиотун мешавӣ-чӣ? Охир, ту ҳам дигар занону духтарон барин дарзу дӯзата ѐд гир, пухту пазата кун... Ҳикоят-хола аҷаб пиразани хушфеълу дилфароҳ, баръакси ҳамсараш – Бобои Низом, ки аксаран сиркоҷабину ҷазабадор аст, ӯ хушҳолу базлагӯ буд. Вай, ба қавли худаш, ба ғайр аз шавҳари бедаҳанаш ба ягон бандаи худо сухани сахту дурушт намегуфт. “Аз дилозор худо безор аст, – таъкид мекард Ҳикоят-хола. – Ин шумгиѐҳ (Вай ба ҳамсараш ҳар замон як лақаб меѐфт!) пир гашту сонӣ андаке ба худ омад, дамаш паст гашт. Ҷавон буд, даҳонаш аз ин ҳам бефаровез буд. Мехча барин як ваҷаб қадаш катӣ деҳаро ба сар бардошта аррос мезад! На шарма медонист, на нангу номуса!.. Э, аз бало ҳам бад медидаму... – хаѐломез даст меафшонд пиразан. – Чӣ кунам, ки дар пешониам ҳамин балонусха навиштагӣ будаст... Дар замони пеш духтари бечора ҳақ дошт, ки не, ман ба вай намерасам гӯяд?! Ин рӯдапо чор-панҷ танга пул, мол дошт...” Азбаски мардон аксаран ба рӯз дар ѐбонҳо ѐ ба кору бори дигари мардона машғул буданд, Ҳикоят-хола бештарин ҳангом ҳамсӯҳбати ман буд. Духтарон ва занони ҷавон дар ҳузури пиразан бо ман ба ҷуз салому алайк дигар сухани изофа намегуфтанд. Ҳикоят-хола урчуқашро ришта, соат-соат сухан мекард, саргузашти бештарин мардуми ин деҳаро ѐд дошт ва аз гуфтан дилгир намегашт. Боре аз хусуси Бобои Низом сухан оғоз намуду аламеро, ки дар ҷавонӣ ба ӯ гузашта будаст, www.firuz.tj 142 гуфта, маддаи дилашро кафонд: – Хонаи падар биҳишти ман будаст, аз дари ин ғӯлача даромадаму намедонистам, ки ба дари бало қадам зер кардам. Э-э, напурс, ҳеҷ напурс, бачам!.. Сару либоси арӯсиам дар таҳи сандуқ наву оҳорӣ бимонд-е!.. Ба ягон ҷо рафтан намемонад, на ба тӯй, на ба азо. Дар ҳар ду моҳ ѐ се моҳ як бор ба хонаи падарам мебурду бас. Худаш ҳамроҳам мерафт ва боз ҳамроҳаш меовард. Ҳамин хел бадрашки фалокат буд. Умри ҷавонама хазон кард ин дӯзахӣ!.. Баъд ӯ овозашро пасттар карда ба ман сари гӯшӣ мегуфт: – Бовар мекунӣ, нав арӯс шуда ба хонааш омада будаму агар ду рӯзакак ба ягон гӯристон баромада равад, оҳубарраи аз қафас берун рафтагӣ барин хурсанд будам. Валлоҳ, ки хурсанд мешудам! Ба ту дурӯғ, ба худо рост, ҳар соат хабари маргашро нигарон будам. Одамони нағз мурда рафтанд, ба ин гӯрсӯхта бало ҳам асар накард. Худо ҳам гулчин аст, сара карда нағзаша мегирад... Гоҳе хаѐл карда менишинаму худ ба худ мегӯям, ки кори ҳамин Матлуба ҳам дуруст аст. Одами шум медидагиаш катӣ умри ҷавонаша хазон кардана, аз дунѐ ҳур гузарад, авлотар аст... Вуҷуди ман арақи сард баровард. Матлуба – ин ҳамон нозанини аз ман дил бурда буд. Аз ин гуфтаи Ҳикоят-хола маълумам шуд, ки вай шавҳар доштаст ва хайрияти кор, ки ҳамсарашро дӯст намедоштаст. Аз хусуси вай пурсуҷӯ кардани ман аз адаб набуд, бинобар он, дар омади сухан, ҳар чи Ҳикоят-хола бигӯяд, ба ҳамон қаноат мекардам. Шому саҳар дар сари чашма интизор будам, ки кай Матлуба барои обгирӣ меояду панҷ дақиқа бошад ҳам гуфтугӯ мекунам, нигоҳи ташнаамро ба чашмони хумори розгӯяш медӯзам. Баъди он ки ба дил иқрор кардам ӯро дӯст дорам, су- Бањром Фирўз 143 сухан карданам бо Матлуба хеле мушкил гашт. Ҷуръатам намонд, забонам баста шуд, ақлам – хушк, кунд... “Хабари ман бирасонед ба мурғони чаман, ки ҳамовози шумо дар қафасе афтодаст!” гуфтани шоир беҳуда не. Ба қавли Ҳикоят-хола Матлуба духтари дамдузду одамгурез аст. “Агар коре надорад, вай ба хоначааш медарояду рӯзи дароз китоб мехонад, аммо зиқ намешаваде! – Изҳори ҳайрат мекард Ҳикоят-хола. – Гоҳе ба лаби сой мераваду хаѐл мекунад... Кас намефаҳмад, дар дили ин духтар чи сир ҳаст...” Бобои Низом ҳукм мекард, ки никоҳи Матлуба бо шавҳараш сард афтодааст, баъди фарзанд ѐфтан дилгарм мешавад. Матлубаи хомӯш ва дамдузд ба назари ман баръакс, шӯх, ҳатто густоху бебок намуд. Боре пай бурдам, ки баъди аз ҳавлӣ берун рафтани ман роҳгардии маро тақлид карда кӯдаконро механдонад. Ман шабҳо дар сабзамайдони канори рӯд, андаруни хаймаи калони чорнафара бафароғат мехобидам, саҳеҳтараш бедорхобӣ мекашидам. Бобои Низом ҳарчанд гуфт, ки “ба ҳавлӣ омада, дар рӯи бистар одам барин бароҳат хоб кун”, ман рад кардам. Ҳавои канори рӯд, осмони фарохи ситорабор, аз ҳама дилписандаш – сукунати ин мавзеъро ба ҳеҷ хушии дигар иваз намекардам. Мисли он ки дар хонаи худ бошам, бемалол, ба майлу хоҳиши худ дарою барой дошта, шом барвақт ба ҷойгаҳ даромада, бомдодон бо нағмаи нахустини мурғакон ва садои ҷонварони дигар бедор мешудаму дар оби сарди рӯд оббозӣ мекардам. Баъзан аз хайма берун мерафтаму ба кӯҳ мебаромадам ва дамидани субҳро аз баландӣ тамошо мекардам. Дар пеши назари ман осмону замин, тамоми ҳастӣ камкам ҷома сафед менамуд. Аввал ягон-ягон ситораҳо хомӯш мешуданд, сонӣ паррандаҳо ба наво медаромаданд. www.firuz.tj 144 Бомдодон чаҳ-чаҳи мурғакон дигаргуна будаст. Ба ман чунин намуд, ки тамоми паррандагони ин водӣ ба якбора чаҳ-чаҳ зада, субҳи рӯзи навро табрик мегуфтанду сипас овози аспу хар, гову гӯсола, бузу бузғолаҳо боло мегашт. Акнун соати ба об омадани Матлуба муайян гашта буд ва ман ҷаҳд мекардам ӯро гуселонида баъд аз паи моҳидорӣ ѐ саѐҳати кӯҳсорон равам. Баъзан ману вай дар сари обгир даҳ-понздаҳ дақиқа ҳамсӯҳбат мегаштем. Ҷавони соддадил будаам, ба вай аз орзуҳои худ, аз романтикаи кори рӯзноманигориам ҳикоят мекардаму ин духтари зираку баҳушро мафтун кардан мехостам. Матлуба аз ҳаѐт тамаъи зиѐд надошт ва бо ҳамин як сифати олиҷаноби худ аз ман баланд меомад. Вай хеле китоб хонда, доир ба ҳар соҳаи илму фан вуқуфе дошт, вале бо дониши худ ҳаргиз ба атрофиѐн тазъиқ намеовард. Ба ин тарз – дар сари чашма бо Матлуба ба гуфтугузор печидани ман аз назари аҳли хонадони Бобои Низом пинҳон намонд. Касе сухане нагуфта бошад ҳам, аз нигоҳашон, муомилаашон рамуз гирифтан мушкил набуд, ки ин кор ба онҳо хуш намеояд. Боре аз ин ваҷҳ ба Матлуба ишорае кардам, вай дар ҷавоб гуфт: – Ба дил нагиред... одамони қадим... Аслан, ақидаи онҳо хато не, маҳз аз ҳамин хел вохӯрию ҳингир-ҳингирҳо духтарон бебахт мешаванд, ахлоқи ҷамъият хароб мегардад... Ман бо авзоъи ҳайрон ба рӯи Матлуба нигаристам. Во, аҷабо, чунин духтари пурмутолиа, ҳассосу озодфикр ақидаи феодалонаи ин одамони аз маърифат ва тамаддуни замон дурро тарафдорӣ мекунад!.. Ман чӣ гуфтанамро надониста сокит гаштам. Агар эътироз кунам, Матлуба барои исботи даъвои худ чандин мисол меовард. Мегуфт, ки нигаред, ҳеҷ яке аз духтарони батамкин бебахт ва беталабгор намонд... Бањром Фирўз 145 Ҳамон рӯз ба вай эътироз накарда бошам ҳам, ба дил аҳд кардам, ки фурсаташ ояд, аз ин хусус ба Матлуба ҷиддан гуфтугузор хоҳам кард. Чун сатилҳои пуроби ӯро гирифта, ҳамроҳаш то сари баландӣ рафтам, аз қафои зардолузор валвалаи бобои Низом ба гӯш расид: – Ҳой ҷавонмаргон!.. Э, дар нохунат... Муред ҳамаат, да тухмат... Нарӯида рав... – Ғолибан, пирамард аз куҷое омаду дар полиз гӯсола ѐ бузғолаҳоро дида буд, ки ба қавли Ҳикоят-хола овозаш то ба гӯши малак мерасид. Вай чунон суханони бепарда мегуфт, ки Матлубаро ранг канду бо ду кафи дасташ гӯшҳояшро маҳкам баста рӯи тавораи сангини боғ нишаста монд. Мӯйсафед чун ба ҳавлӣ наздиктар расид, ба дашному хории ҳамсараш шурӯъ кард: – Ҳой кампири ҷалоҷин!... Э, кай ту мемурию ман халос мешавам?! Э, дар қабри падарат... Э, ҳалқи додот... Не, кулли дашному ҳақоратҳои ин марди пирро кас на тоқати шунидан дораду на имкони гуфтану навиштан. Ҳикоят-хола андаруни хона ба коре машғул будаст магар, эҳтимолан, саросема, кафшашро монда, патакашро гирифта аз хона берун омаду бо овози хеле пасттар, вале ба мо, ки дар қариби ҳавлӣ, дар панаҳи дарахтон будем, шунаво, ба дашномҳои ҳамсараш ҷавобгӯѐн ҷониби полиз рафт. – Ин қадар гулуята медарронӣ, ҳой, беимон!.. Сари тура хурад ҳамин полиз!.. Хабари маргат меомадагӣ рӯз бошад-о?! Чашмони туро хоки лаҳад сер мекунад!.. Э, оши ғамата хурам, ту беимона!.. – Аз шавҳари худ паст намеомад пиразан. – Шавҳари шумо аз ҳамин хел зотҳо ҳаст? Аз ин саволи ногаҳонӣ Матлуба якбора ба худ омад, маҳзун метавон гуфт, ки дардолуда лабханде заду гуфт: www.firuz.tj 146 – Не, ин хелашро худо нишон надиҳад... Аслан, лӯбиѐву каду – лаънат ба ҳар ду, ин – сахту вай пӯк! Вай дигар суханро тӯл надод ва сатилҳои пуробашро бардошту рафт. Сухани ман дар даҳонам монд. Мехостам, ки бигӯям, агар хола он замон номзадашро, ҳеҷ набошад, ба пурсуковишҳо озмуда, нағз шинохта, баъд интихоб мекард, ба ин минвол як умр афсӯс намехӯрд. Ҳафтае ба ҳамин гуна сӯзу соз гузашт. Матлубаро ҳар рӯз дар сари чашма медидам, гуфтугӯ доштам, аммо бо ин вохӯриҳо қонеъ набудам. Мехостам, ки бо ӯ дар ягон гӯшаи хилват бафароғат нишаста, бафурҷа гуфтугӯ кунам, дарди диламро гӯям, рози ӯро шунавам. Аммо вай ба чунин вохӯрии маҳрамона ҳеҷ розӣ набуд. Аммо чакра чакида-чакида сангро ҳам сӯрох кардаст, ман ҳам хоҳишамро гуфтам-гуфтаму оқибат ӯро розӣ кардам. Вай гӯсолаҳоро ба канори рӯд чариданӣ мебараду мо дар он ҷо “тасодуфан” вомехӯрем. Дар кӯҳистон ҳавзи сангинро гум мегӯянд. Гум асосан, дар рӯдҳои начандон бузург пайдо мешавад. Болотар аз чашма, дар миѐни чакалакзорон гуми аҷибе будаст, ки мо дар канори он вохӯрдем. Оби рӯд аз баландӣ ба рӯи шахи бузурге рехта, ба мурури солҳо онро ба қадри се-чор ваннаи муқаррарӣ кофта, ҳавзи табиие сохтаст. Оби рӯд аз боло шаршара гашта ба гум мерехту кафкзанону хурӯшон аз як канори он ҷорӣ буд. Охири тобистон, об дар ғояти софӣ, хушбӯ ва хуштамъ. Дар қаъри гум камаре бед, ки аз он ҷо моҳичаҳо ҳар замон берун омада ин сӯ-он сӯ ҳаракат мекарданду хавотиромез боз пас гашта, баъзан паҳлуяшонро намуда, ҷилое дода боз ба он тангно дарун мерафтанд. Соҳилҳои рӯд чакалакзори анбӯҳ буд. Ман рӯи харсанги тафсоне нишастаму Матлуба ба Бањром Фирўз 147 танаи сафедори наврасе такя дода рост меистод. Чашмаш ба пардаи шаршара, андешаманд буд. – Хуб, акнун бигӯед, ки... агар Ҳикоят-хола кию чӣ будани шавҳарашро пеш аз расиданаш ба вай медонист, дидаю дониста ба ҳамин мард зан мешуд?.. А? – Ман боз ба сари баҳси пеш аз ин дар миѐни мо рух дода баргаштаму савол кардам. – Кӣ медонад... – гуфт Матлуба бепарво кифт боло кашида. Сипас боз афзуд: – Ман зиѐда вонахӯрда бошам ҳам, шавҳарамро медонистам, амин будам, ки ситораамон ба якдигар рост намеояд... – Ғалатӣ... Дидаю дониста чаро расидед? Ҳам ҳаѐти ӯро заҳрогин карда ва ҳам худро сарсон намудан ба шумо чӣ зарур буд?.. А? – Гумон мекунед, ки ман бо шавҳарам ҷангу ҷанҷол карда, ба ин сӯ омадаам? Не. Бемор будам, духтурҳо гуфтанд, ки ҳавои кӯҳсор ба дарди ман даво аст... Намедонам ба шумо чи хел фаҳмонам... Вай рӯяшро ба тарафи дигар гардонду хомӯш гашт. Баъд, аз шохи ар-ар навдаеро шикаста, ба рӯи харсанг чарс-чарс задан гирифт. Баргу пӯстлохи навдаи тар ҷудо шуда, ба ҳар сӯ мепарид. Бӯи талхаи сафедор ба атроф паҳн шуд. Ман гоҳ ба қомати мавзун ва китфу бозувони хушҳаракати вай, гоҳи дигар ба рӯи зебо ва гесувони тобдораш нигариста, аз ҳусну малоҳати дилрабои вай завқ мебурдам. Ҳайратам меафзуд, ки табиат чи гуна мӯъҷизакор аст, ин қадар мувозанату мувофиқият, рангу ҷило ва ҷозибаро ҳеҷ мусаввире ѐфта наметавонад... – Замони маро ба шавҳар доданашон зориҳо кардам, – аз дур сухан оғоз намуд Матлуба, – то сабр кунанд, ба суханам эътибор надоданд. Аз ҳар гӯшае маҳмадоное баромада, падару модарамро маслиҳат медод: “Духтар, ки ба қад расид, имрӯзу фардо накарда, тез ба www.firuz.tj 148 дасти соҳибаш супоред, ягон хел гапаш набаро-мада, аз хонаатон биравад, барои шумо давлати калон аст. Ин хел ҳусн кати ҳар як духтарро ҳам вайрон меку-нанд...” Норозигиамро дида, модарам гуфтанд: “Агар касеро хуш карда бошӣ, бигӯй”. Ба ҳеҷ нафар дилам об нахӯрда буд. Ягон ҷавони дилхоҳам пеш наомада бошад, чи кунам?! Хостгорон бисѐр буданд, аммо ба ҳеҷ кадоме диламо об намехӯрд. Оқибат, “падару модар ҳаргиз ба фарзанд бадиро раво надидаст” гӯѐн маро тасаллӣ доданду ба як ҷавони ҳамдеҳаамон фотиҳа карданд. Аҷаб не, агар дар ҷои ман ягон духтари дигар буд, бо ҳамон хушу хушҳол зиндагӣ мекард. Аммо чи кунам, ки худо ба ман дил не, як балои азимро додааст... – Матлуба гунаҳ-корона хандид. Баъд, “ҳозир” гуфту дуртар рафта ба бо-лои шахи баланде баромада, ба атроф нигарист, ки гӯсо-лаҳо ба ҷониби полиз нарафта бошанд. Матлуба баргашта омада, рӯи харсанг нишасту гуфт: – Барои чи ман ҳамаи инро ба шумо мегӯям?.. Ин розро духтарон ба ҳеҷ кас намегӯянд... – Агар ман барин дӯстдорашон бошад, бояд, ки бигӯянд, – гуфтам ман ҳар чи бодо бод. Матлуба ба як тарзи аҷиб ба рӯи ман нигаристу фавран нигоҳашро гурезонд. Сухане гуфтан хосту даҳон ҷуфт кард, аммо нагуфт. Мо хеле муддат хомӯш мондем. – Хуб, баъд чи шуд? Давом кунед. – Хайр, чи гӯям... Аз фотиҳа ду-се ҳафта гузашта буд ѐ не, барои обгирӣ аз дарвоза бароям, ҳамун... Арвоҳ барин дар сари роҳ мошинашро қарор додаст, даҳонашро боз карда ба ҷониби ман механдад. “Гум шав!” гуфтаму аз роҳам ақиб гашта ба ҳавлӣ даромадам. Вай дуддуд карда бонг доду бо овози баланд таронакунон гузашту рафт. Минбаъд қариб ҳар рӯз ѐ рӯз дар миѐн ин ҳол такрор мешуд. Ҳамин ки аз кӯча бонги мошини Бањром Фирўз 149 боркашу таронахонии ӯро шунаванд, хурду калон хандида, ба сӯи ман менигаристанд. Баъзе ҳамсоязанон аз рӯи ҳазл “Ҳа гӯй, Матлуба, домод фарѐд дорад” гӯянд, баъзеи дигар лаб каҷ карда, тамасхур менамуданд, ба якдигар маънидор нигариста, писханд мезаданд. Сонитар ба гӯлию содагии ҷавон рӯирост механдиданд. Баъзе, ба монанди зани амаки Шодоб “Ҳа, боракаллоҳ, кам нашаванд домод!” гӯѐн мазаммат мекарданд. Ман аз ҷоям бархостаму рафта, дар гӯшаи харсанге, ки Матлуба дар он менишаст, нишастам. – Илтимос... дар ҳамон ҷоятон бошед... Мабодо, ки ягон кас... – Вай чунон ҷиддан хоҳиш кард, ки ҳоҷати рад кардани ҳарфи ӯ набуд. – Ҳамаи инро шунидану дидан қалбамро мефишурд. Ҷои меҳр бастан номзадамро шуму бад дидам, рӯз аз рӯз ба вай нафратам меафзуд, дигар ба чашмам мисли бало менамуд, аммо буғзи диламро ба касе гуфта наметавонистам. Фаразан, агар гӯям ҳам, мардуми мо дардамро намефаҳмиданд, ҳамин ҳам гап шуд, духтар, танат сиҳату ҳолат хуб аст ѐ не, мегуфтанд ва бешак ба чашмам хавотиромез менигаристанд. Ба болои сӯхта намакоб, вай як бегоҳӣ ду нафар дугонаҳоямро фиристодаст, то ба баҳонаи синамо рафтан маро аз хона берун баранд, сухане заруре доштаст. Ман ҳатто ин даъвати густохонаро шунида, сараввал ба ваҳм афтода: агар падару модарам ва ѐ хешовандонамон шунаванд, чӣ мегӯянд?! Духтарон баргашта рафтанду баъди ним соат боз омаданд. “Агар наояд, нимта арақ мезанаму рост ба хонааш даромада меравам”, гуфтаст. “Биѐ, биравем, ягон гап доштагист”, гӯѐн дугонаҳо маро ба доштам, ки духтарон дар бари ман мешаванд, аммо онҳо гурехтанд. Ман аз шарм месӯхтам, аз қаҳр мекафидам... Кӣ медонад агар вай мард барин, як-ду сухани нағз мегуфт, таскинам медод, балки оташи www.firuz.tj 150 аламам паст мешуд, дар дили ман ҳам меҳраш реша мезад. Гапи ѐфтагии домодшавандаро шунавед: чаро ман аз баъзе хешони вай рӯй напӯшидаам?! Дар ҷавобаш “Ту кор мекунӣ, бас, ман дар хона бишинам?” гӯям, кинояи ошкороро нафаҳмид-е! Ин ба ман бештар аз ҳар таҳқире алам кард. Баъд, истинтоқи дигаре: чаро бегоҳӣ ҷуволи пахтаамро Ҷобир бардошта, то ба назди тарозубон овардаст?! Агар сире набошад, барои чи ҷуволи дигаронро нею ҷуволи маро меовардаст?! Дигар тоқат наовардаму рӯирост гуфтамаш: “Зоғе агар ѐбад гуле, худро шуморад булбуле... Бигӯ, очаат омада ҷиҳозатонро аз хона бубарад...” Гуфтаму ба пасам нанигариста, ҷониби хона давидам... Боз падару модар монеъ шуданд. “Айб мешавад, духтарам, сари моро хам мекунӣ, фотиҳаҷудо аз талоқ намемонад...”Хоҳу нохоҳ ба қисмати сахтам тан додам... Хуб, фаразан, ӯро рад кардам, сонӣ ба кӣ мерасидам?.. Матлуба хомӯш монду аз ман чашмашро рабуда ва ба сӯи қуллаҳои кӯҳсорон нигариста, ба гумонам табассум кардагӣ барин шуд. Табассумаш талх буд. Зоғею доғе, кӣ гумон дошт, ки дар дили ин нозанини зоҳиран шодоб аз сад гулаш як гулаш ҳанӯз нашукуфта ин қадар дарду алам ҳаст?! Рост аст, ки ҳар як одам як олам аст ва ҳеҷ аҷаб не, агар бо ин олам шумо умрҳо паҳлу ба паҳлу зиндагӣ кунед, вале асрори дили ӯро нафаҳмида биравед... Вай ҳам монанди ҳамаи духтарон аз пирдухтар гаштан меҳаросид. Баъди шунидани ин қадар саргузашти нохуш, ман бо кадом забон изҳори матлаб кунам, намедонистам. Боз фурсати гуфтугӯй даст медиҳад ѐ не. Шабу рӯзҳои охир гаштаю баргашта аз худ савол кардам қарордодам ҳамин – ман бе Матлуба наметавонам, аз як дидан ба вай дил бохтаам... Ман аз кӯҳ як пора дурри кӯҳӣ ѐфта, чанд муддат Бањром Фирўз 151 онро сӯҳон зада, садбарги навшукуфтаеро таҷассум карда будам. – Ин барои шумо, – онро ба дасти Матлуба дода. – Ваҳ!.. Аз санги чахмоқ аст? – Не, ин аз дурри кӯҳӣ... паи ситора мегӯянд-ку... – Худатон сохтед?.. Ба ростӣ?.. – Матлуба ҳадяи маро чарх гардонда тамошо мекарду ман аз он ки гули сангин ба вай хуш омад, аз фараҳ ва шодмонӣ куртакурта гӯшт мегирифтам. – Ба ростӣ, худатон сохтед? – Бовар намекард вай. – Ҳунар фаровон дорам... шумо ҳанӯз намедонед... – гуфтам ба шӯхӣ. – Хабар доред, ки шуморо... дӯст медорам?.. Ана, боз як ҳунарам!.. – Инаш муболиға... – гуфт бесаранҷом гашта. Вай гоҳ сурх мешуд, гоҳ сафед. – Ба гул бовар мекунам... инаш – ҳақиқат... Ман инро бурда пинҳон мекунам... хотира аз ин рӯз... Ҳикоят-хола агар бубинанд, шикаста ба шир меандозанд, – хандид вай. – Барои чи ба шир меандозанд? – тааҷҷуб кардам ман. – Баъзе шабҳои гарм шир турш мешавад гӯѐн, як мисқол барин меандозанд... – Аз хотири ӯ чи сиру савдое гузашту ба якборагӣ маъюс шуд, чашмонаш кашида гаштанд. – Чиро фикр мекунед Матлуба? – Як моҳ пештар аз ин, ҳамон язнаи таронагӯятон омада буд, ман як қӯша шохи ғурмро додам, то ба хона барад. Онро як чӯпонамон аз кӯҳ ѐфта оварду ман аз вай илтимос карда гирифта будам. Чунон шохи ғалатӣ!.. Ҳалқа-ҳалқа печидагӣ, дарозиаш ҳам як кулоҷи расо меояд. Баъди се рӯз Бобои Низом онро ба қоши зин баста аз бозор омаданд. Ба як ҷарии сари роҳ партофта рафтаст!.. Бобои Низом бо ҳамин қадар дуруштию бедаҳаниаш аз вай авлотар не?.. Завқаш будаст, бепарво гузашта нараф- www.firuz.tj 152 тааст... Ба Матлуба раҳмам омад. Далер бархостаму бо як ҷасорати ғайриоддӣ аз ду дасти вай гирифтам ва рост ба чашмонаш нигаристам. Лаҳзае ҳарду рост истода дастони якдигарро мефишурдему нигоҳҳо ба ҳам рехтаву омехта, зарабони қалби ҳамдигарро мешунидем. – Ман... он шохро ба шумо... тӯҳфа мекунам ... Қабул мекунед? – гуфт вай бо меҳр ба чашмонам нигариста. – Ба чашмонам молида-молида қабул мекунам... ва на фақат онро... ман шуморо аз ин ҷо мебарам Матлуба!.. – гуфтам тез-тез ба изтироб. – Ман ба шумо муносиб нестам, – гуфт вай қатъӣ. Сипас эъзоҳ дод: – Шавҳар дидагиам... Синнам ҳам ягонсол калон... Ҳақ надорам... Одамон чи мегӯянд?.. – Кадом одамон?.. Одамон чи дахл доранд? Ман шуморо хушбахт мекунам... Кӣ ба хушбахтӣ ҳақ надорад?! Ҳамаи мо барои хушбахтӣ ба дунѐ омадаем... – Ман лоиқи шумо нестам... Умуман, нағз не... Мардум боз маро маломат мекунанд, бачаро аз раҳ зад мегӯянд... – Ин ҳарфҳои беҳуда Матлуба! Ман аз нигоҳи нахустин, аз дидори аввал дар сари чашма шуморо дӯстдор гаштаам!.. Аз ин ҷо меравем... – Алҳол ҳамон шохи ғурмро ҳамчун хотира аз ман баред... – Ман ҷиддан мегӯям Матлуба! – Ман ҳам ҷиддан мегӯям... То як сол... Агар то як сол фаромӯш кардан натавонед, сонӣ... биѐед... – Дигар шарт надоред?.. Фақат то соли дигар?.. Имтиҳони дарозе... – Ҳа... баъдан мебинем... Солҳои 1970 - 87.

https://www.facebook.com/bahrom.firuz.tj

www.firuz.tj

https://firuz.tj/tj/kitobho