Баҳром Фирӯз: "Ном ва номгузорӣ"

Баҳром Фирӯз: "Ном ва номгузорӣ"

Мулоҳиза ва андешаҳои адиб Баҳром Фирӯз оиди номгузории фарзандон.
Мақола аз маҷаллаи Занони Тоҷикистон, соли 1981, №9
НОМ ВА НОМГУЗОРӢ

     Номи инсои як умр ҳамсафари ӯст. Баробари инсон номи ӯ ҳаёт аст, балки баъд аз вафот ҳам.
Дар Аврупо аз қадимулайём инсон бештар бо фамилияи худ шӯҳрат дорад, аммо дар баъзе мамолики Шарқ имрӯз ҳам одам бо номи худ маъруф аст, на бо номи падар. Фамилияи нависандаи маъруфи ҳинд Нарайан — Розипурам Кришнасвами аст. Нарайан номи худи вай аст. Адиб дар зери осораш Р. К. Нарайан менависаду бародараш рассоми маъруф Р. К. Лаксман. Оре, инсон бояд бо номи худ фарқ кунад, на бо номи падар. Саъдии бузургвор беҳуда нагуфтааст: «Гирди номи падар чӣ мегардӣ? Падари хеш бош, агар мардӣ».
Ба фарзанд номи нек додан яке аз шартҳои аввалиндараҷаи падарию модарист. Падару модар дар номи барои фарзанд интихоб кардаи худ ифодаи кулли орзую ҳаваси худро мебинанд ва онро бо рағбати тамом ба забон мегиранд. Агар касе номи фарзанди онҳоро ноқису нопурра ба забон гирад, шиканад, таҳриф кунад, сахт меранҷанд.
Бинобар он, дар интихоби номи фарзанд, пеш аз ҳама, ба падару модари навзод ихтиёр бояд дод, то ки онон ба фарзанди худ номи дилхоҳашонро диҳанд.
Агар кас дақиқ мушоҳида кунад, дар номҳои мардуми ҳар як маҳал табъи бадеъ, завқи ҷӯшон, донишу хирад ва ҷаҳонбинии он касонро дармеёбад. Умуман дар бобати рангорангии ном метавон яқин гирифт, дар байни миллатҳои олам кам андар кам халқе ба мардуми мо ҳамсарӣ дорад. Ба ин номҳои шевои духтарони тоҷик мулоҳиза фармоед: Шарбат, Нозук, Гулзода, Гулбаҳор, Гулсифат, Сабо, Ситора, Моҳира, Боғӣ, Ҳаловат, Маъмура, Ҳусноро, Мижгон, Дармон... Номи мардон ҳам сифату маънӣ ва рангу бори хоси ҷавонмардонро дорад; Ҷасур, Ҷовид, Ғайрат, Нусрат, Комрон, Паймон, Симо, Сино, Довар, Сарвар...
Гуногунӣ ва рангорангии ном дар забони мо ба ҳаддест, ки чандин номнома тартиб додаанд.
Бо вуҷуди ин ҳама мардуми мо аз қадим ҳангоми ба фарзанд ном додан бо мулоҳиза ва фаросат аз аҳли илму адаб маслиҳат мепурсид, ҳеҷ набошад, аз мулло ва ё мударриси хушсаводи деҳааш хоҳиш мекард аз китоб барои фарзанди вай номе мувофиқ ҷӯянд. Ба ҳамин васила номҳои нағзу capа дар ҳеч давру замон кам набуданд. Вале, мутаассиф, ки дар баъзе маҳалҳо бар асари камии одамони китобхон ва хушсавод номҳо якранг, берӯҳу беназокат низ буданд. Болта, Табар, Сангак, Сафол, Бӯрон, Ҷулибой, Бӯрибой аз ин қабил номҳоянд. Як силсила номҳое, ки кайҳо ғубори кӯҳнагӣ ба рӯи онҳо нишастааст, хушбахтона, имрӯз кам мешаванд.
Дар ивази ин қабил номҳои баъзан хандаовар, баъзан дурушту гуфтанаш мушкил номҳои фасеҳу бамаънӣ, рехтаву боназокат беш аз пеш ҷорӣ ва расм мешаванд. Ҳоло дар бобати номгузорӣ ақида ва назари гуногун, равишҳои мухталиф ба назар мерасанд. Агар гурӯҳе толиби номҳои тозаи имрӯзӣ бошанд, тоифае ба номҳои ашхоси таърихӣ, аз қабили Хусрав, Парвиз, Сосон Сомон, Саъдӣ, Ҳофиз, Таҳмина, Манижа, Рухшона, Рудоба моиланд. Дар ин миён баъзан мазмуни калимоти кӯҳнаро нафаҳмидани баъзе номгузорон низ ба назар мерасад. Масалан, баъзе касон ба писар «Фирдавс» ном додаанд. Ҳарчанд ки ин калима дар луғат маънии «боғ»-ро ҳам дорост гуфтаанд, вале асосан ба боғи биҳишт маъруф аст. Ҳофиз мегӯяд:
Ман малак будаму фирдавс барин ҷоям буд,
Одам овард дар ин дайри харобободам.
Шоир гуфтааст: ман малак будаму ҷои ман дар биҳишти барин (аъло) буд, вале ҳазрати Одам бо гуноҳи худ рондаи биҳишт гашту ман ҳам ба ин дунёи хароб афтодам. Дар ин байти шоир Убайди Зоконӣ ҳам калимаи «фирдавс» ба маънии «биҳишт» омадааст:
Намеандешам аэ дӯзах ба як чав
На бар фирдавсу ризвон мебарам рашк.
Дар адабиёт таъбири «равзаи фирдавс», яъне «боғи биҳишт» ба аҳли фазл пинҳон нест.
Бо калимоти форсию тоҷикӣ ва арабӣ миллатҳои гуногуни олам ба фарзандонашон ном мегузоранд. Дар тӯли бисёр асрҳо забони форсӣ ва арабӣ забони илмию адабӣ ва динию мазҳабии бисёр қавму миллатҳо буд ва ин ҳодиса ба ҳаёти онон беасар нагузаштааст. Вале чунин ҳол ба мушоҳида мерасад, ки ҳар яке аз ин миллатҳо бо номҳои худ аз дигарӣ тафовут мекунад. Бигирем номҳои тоторӣ, озарӣ, ӯзбекӣ, тоҷикӣ, қавмҳои Қафқози Шимолӣ ва ғайраро. Агарчи ин мардум дар номгузорӣ калимоти арабӣ ё форсӣ-тоҷикиро асос гирифтаанд, ҳамеша онҳо аз якдигар тавофут доранд ва ин фарқҳо гуногунанд. Алалхусус, агар баъзе номҳо хоси мардуми тотор гашта бошанд, баъзеи дигар махсуси озариҳо ва ё узбекҳост. Бешак, дар ин миён номҳои ба тамоми ин қавмҳо хос ва умумӣ низ ҳастанд. Номҳои тоҷикӣ низ ҷиҳати фақат ба мардуми мо махсусе дорад, ки ин ҷиҳати онро на ҳар кас имтиёз ва инкишоф мекунад.
Гоҳе рафиқон савол мекунанд, ки ба фарзандон ба чӣ тартиб ном гузоранд ва дар ин хусус чӣ шартҳоро риоя бояд кард? Ба фикри банда, номи инсон беҳтар аст аз як калимаи фасеҳи якреша иборат бошад: Озод, Ороста, Бунафша... Вале номҳои мураккаби аз ду ва ё зиёда калимот сохтагӣ низ ҷоизанд, ба шарте ки талаффузи он ба кас мушкилӣ наорад. Шаҳрошӯб, Гулчеҳра, Дилором аз ҳамин гуна таркибҳоанд.
Шарти дигар ин, ки ном бояд замонавӣ бошад, орзую омоли падару модарро ифода кунад, дилнишин ва фасеҳ бошад. Маҳз бо ҳамин ният номи писаронро Умед, Вафо, Номвар, Дидор мегузоранд ва духтаронро Шифо, Саломат, Покиза, Нафиса, Сулҳия, Меҳрӣ, Равшан, Гулшан, Баҳор ном мекунанд.
Иддае аз суханшиносон мувофиқат ва ҳамоҳангии номи фарзандро бо номи падари ӯ хостгоранд, ки ин тарзи номгузорӣ ҳам аз қадимулайём дар байни тоҷикон маъмул аст. Имрӯз ҳам дар баъзе маҳалҳо Орзу писари Барзуро «Орзуи Барзу» мегӯянд. Мурод писари Ҳаётро «Муроди Ҳаёт» ва ё агар духтар бошад, боз ҳам ба тарзи қофиянок ва мувофиқоҳанг — Хумори Меҳриёр, Шабнамои Хуррам, Шукуфаи Маъруф, Шодоби Шодмон ном мебаранд, ки ин тарзи номгузориро хело ба тарзи расмӣ «Мурод Ҳаётович» ва ё «Шодоб Шодмоновна» гуён идома додан мумкин аст.
Имрӯз дар байни тоҷикон ба додару бародарони ҳамзод номҳои ҳамоҳанг додан хеле маъмул аст. Бародарон — Сосон, Салмон, хоҳарон — Ситора, Шарора, Нигора ва ғайра. Баъзан ҳамоҳангии ҳиҷои аввали ном ё ҳиҷои охири он ҳам барои ин мақсад мувофиқ аст: Рухсора, Рухшона, Баҳман, Беҳрӯз.
Аз қадим дар байни мардуми мо номи кӯдаконе, ки тавъам (дугона) ба дунё омадаанд, таъин буд: Ҳасан ва Ҳусейн, Фотима ва Зӯҳро. Хуб аст, ки ҳоло баръакси ин одат падару модарони хушзавқ ба фарзандони тавъам номҳои мувофиқ ёфтаанд. Ин ҳам далели маърифати мардум ва боло гирифтани завқи онҳост. Ҳоло кӯдакони тавъам номҳои дилчаспу рангин доранд: Ҷамол ва Камол, Ороста ва Пероста, Рудоба ва Судоба, Садаф ва Гавҳар, Шукӯҳ ва Шукуфа, Хуррам ва Хурсанд, Фаррух ва Фарзона, Шаҳбоз ва Шаҳноз, Шамсу Қамар...
Доир ба суффикси «ҷон» ва ба ин монанд ҳиссаҳои таркиби номҳои тоҷикӣ солҳои охир фикру ақоид мухталифанд. Аксар бар сари онанд, ки ин ҷузъҳо, агарчи ба тарзи навозиш гуфта мешаванд, набояд бо ном навишта бошанд. Дар воқеъ, ба номи ҳама «ҷон», «гул», «хон», «моҳ» ва ғайра илова кардан чӣ маънӣ дорад?! Агар ин қабил ҳиссаҳо дар таркиби ном сахт марбут бошанд ва истиснои он ба маънии ном халале оварад, бешак навиштан даркор аст. (Шодигул, Рӯзигул, Тозамоҳ). Вале номҳои Раъно, Зеборо агарчи баъзан ба тарзи Раъногул, Зебогул гӯем ҳам бе “гул” навиштан дуруст аст.
Дар сари интихоби номи фарзанд падару модарон бояд бо ҷиддияти тамом андешанд, ҷустуҷӯ кунанд ва аз шахсони хушсавод, китобхон маслиҳат бигиранд. Он гоҳ фарзандон ҳамеша аз номи худ мамнун ва дар ин бобат аз падару модар ризоманд хоҳанд буд. Дар ин кор ходимони идораҳои ЗАГС, котибони ҷамоа ба мардум бо маслиҳати худ кӯмак расонанд. Аз ин ваҷҳ дар чунин идораҳо ба кор таъин кардани шахсони хушсавод ва бомаърифат айни матлаб аст.


БАҲРОМ ФИРӮЗ
Занони Тоҷикистон, №9, соли 1981